гирифтан

гирифтан
[گرفتن]
1. чизеро аз ҷое бо даст бардоштан: қаламро гирифтан, телпакро аз сар гирифтан, чодир аз рӯй гирифтан
2. доштан бо даст, қапидан; даст гирифтан а) доштан, ба қабза даровардан; б) маҷ. дастгир кардан
3. қабул кардан, пазируфтан: ин шайх мурид намегирифт; ҳеҷ касро шарик нагирам ҳам, туро мегирам
4. ишғол кардан, забт кардан; соҳиб шудан, ба даст даровардан: мактуб гирифтан, кина дар дил гирифтан, аз хондан завқ гирифтан; розигии касеро гирифтан розигии касеро ба даст овардан
5. рӯёндан, ба даст овардан, бардоштан; аз худ кардан, дарёфтан ҳосил гирифтан
6. банд кардан, садд шудан, бастан пеши чизеро: даҳонро маҳкам гирифтан даҳонро маҳкам пӯшондан
7. ситондан, зӯран рӯёндан, рабудан; товон гирифтан, ҷарима гирифтан зарари чизе ё касеро расидан ё пардохтан
8. ба нумув даромадан, нумув кардан, сабзидан, амал кардан ниҳол гирифт
9. тарошидан, буридан: мӯйсар гирифтан, нохун гирифтан, риш гирифтан; сар гирифтан сар буридан
10. сакта пайдо кардан, лакнат пайдо намудан; забонаш гирифт забонаш дармонд; овозаш гирифт овозаш хаста шуд
11. сайд кардан, шикор кардан, доштан: моҳӣ гирифтан; дар шикор ду оҳу гирифт
12. воқеъ шудани кусуфу хусуфи Офтобу Моҳ
13. маҷ. зан кардан, ба издивоҷ даровардан
14. маҷ. хӯрдан, тановул кардан; нӯшидан: нон гирифтан, ош гирифтан, қадаҳ гирифтан
15. фарз кардан, тасаввур кардан; гирем… фарз кунем…; тасаввур кунем…; ба пеши чашм гирифтан пеши назар овардан, тасаввур кардан
16. бо масдарҳо якҷоя омада, сар шудан ва давом доштани амалро мефаҳмонад
17. дар таркибҳои феълӣ омада, барои худи шахс иҷро карда шудани амалро мефаҳмонад: кашида гирифтан, навишта гирифтан, харида гирифтан
18. ҳамчун феъли ёридиҳанда феълҳои таркибӣ месозад: пешвоз гирифтан, авҷ гирифтан, барор гирифтан, дам гирифтан, нишон гирифтан, ором гирифтан, рухсат гирифтан, фаро гирифтан; гирифтани вақт гузаронидани вақт; нафас гирифтан нафас кашидан; ном гирифтан ниг. ном; оташ гирифтан а) шӯълавар шудан, даргирифтан, сӯхтан; б) маҷ. хашмгин шудан, оташин шудан; печонда гирифтан иҳота кардан, даври касе ё чизеро иҳота кардан; унс гирифтан одат кардан; қарин шудан; фаро гирифтан ниг. фаро; хун гирифтан касеро аз хуни ноҳақ рехтааш дар талвосаи ҷон мондани касе; аз хуни ноҳақ рехташуда бо ягон тариқ ҷазо дидани касе; қарор гирифтан ором шудан, таскин ёфтан; акси чизеро гирифтан мунъакис гардонидан; сурати чизеро бардоштан; зери назар гирифтан назорат кардан; дар мадди назар қарор додан; зери по гирифтан ба таги по андохтан; роҳеро пеш гирифтан ба роҳе рафтан; ба воситае амал кардан; тарафи касеро гирифтан касеро ҳимоя кардан, аз касе тарафгирӣ кардан, касеро ҷонибдорӣ кардан; худро ба даст гирифтан худро доштан ва идора кардан (мас., дар вақти хашм); шакли чизеро гирифтан ба шакли чизе даромадан, ба сурате зоҳир шудан; аз дасти касе гирифтан ба касе мадад расондан; аз пои касе гирифтан ба касе часпидан, ба касе ноҳақ муддаӣ шудан; ба гап гирифтан ба гап андохта боздоштан, ба гап андармон кардан; ба назар гирифтан эътибор додан, аҳамият додан; ба ҳисоб гирифтан а) дар назар доштан; б) ҳисоб кардан
◊ ҷонро ба каф гирифта… бо тамоми қувва…, бо ҷидду ҷаҳди тамом…; худро ба хатар андохта…

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Полезное


Смотреть что такое "гирифтан" в других словарях:

  • гирифтанӣ — [گرفتني] сифати феълии замони оянда аз гирифтан; лоиқи гирифтан; он чи бояд гирифта шавад; гирифтанӣ шудан чизеро майл ва қасди гирифтан кардан, гирифтан хостан чизеро; хабар гирифтанӣ хабар гирифтан хостан, нияти хабаргирӣ доштан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гап — [گپ] 1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ 2. сухани беасос, лоф 3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап гап а) гуфтугӯ, чақ чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қарор — [قرار] а 1. ором; оромиш, осоиш; қарор надоштан дар ҷое а) ором набудан, собит набудан, дар ҳоли ҷунбиш ва ҳаракат будан; б) ором нагирифтан, дер наистодан дар ҷое; қарор аз касе бурдан орому осоиши касеро барҳам додан, касеро беқарор кардан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сар — I [سر] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала 2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб 3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина 4. нӯг; сари ришта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • зер — [زير] 1. таги ҳар чиз, таҳт, поён; муқоб. боло; зери… поёни…, таги…; аз зери… аз таги… 2. қисмати поёнии чизе, поин: дар зер, дар зери варақ, дар зери расм; ба зери… а) ба таги…; дар поини…; б) дар дами…; дар зери… а) дар таги…; дар поини…; б)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дам — I [دم] асоси замони ҳозира аз дамидан II [دم] 1. нафас; дами касе гаштан (гардидан) нафаси касе ба дарун афтидан; нафас гирифта натавонистан 2. ҳаво, бод; пуф; дами чизеро холӣ кардан боди чизеро баровардан, ҳавои чизеро сар додан; дами шикам… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • манзил — [منزل] а 1. ҷои фуруд омадан, фуромадгоҳ, истгоҳ 2. мусофирхона (работ) е, ки дар масофаи муайяни роҳҳои корвонгузор бино карда мешуд 3. гуфт. қабр, гӯр; баъд аз тайи чанд манзил, ду манзилро гузошта, дар ин роҳ моҳ аввалин манзил буд; манзил ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • назар — [نظر] а 1. нигоҳ, дид; назар андохтан (афкандан) нигоҳ кардан; аз назар гузаронидан (чизеро, ҷоеро); назараш афтидан дида мондан (касе, чизеро); назар давонидан тез нигоҳ кардан; назар гузарондан; назар дӯхтан бо диққат нигоҳ кардан; назар кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • нафас — [نفس] а 1. дами бо роҳи даҳону бинӣ ба дарун кашида ва боз баровардашавандаи инсон ё ҳайвон: нафас кашидан, нафас баровардан, нафас гирифтан; нафаси вопасин дами пеш аз марг, дами охирин; зиққи (тангии) нафас тиб. дарди сина (шуш), ки гирифтори… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • об — I [آب] 1. моеи шаффофи беранг, ки дар ҳолати софӣ ва беолоишӣ аз омезиши химиявии як унсури оксиген ва ду унсури ҳидроген иборат аст; оби маъдан обе, ки дар таркиби худ маъдан дорад; оби гарм муқоб. оби сард; оби равон оби ҷорӣ: муқоб. оби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»